БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём-роӽнамо ба сȳи ояндаи дурахшон

ВОСЕЪ. Тибқи ҷадвали баргузории хонишӽои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии  «Арал»-и ҷамоат деӽоти ба номи  Миралӣ  Маӽмадалӣ бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ Шаӽноза Раҷабова  ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ӼХДТ  Манучеӽри Хуршед вохӯрӣ  баргузор гардид.

Зимни вохȳрӣ Шаӽноза Раҷабова атрофи самтӽои афзалиятноки фаъолияти ӽизбӣ ва муӽтавои Паёми имсолаи  Пешвои миллат муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон суханронӣ намуда, қайд кард, ки Паёми Пешвои миллат санад, дастуре буд барои мардуми Тоҷикистон, пешрафти иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарӽангу маорифи мардуми тоҷик. Он дар кулли соӽаӽои хоҷагии халқ гардиши куллиеро ба амал овард. Зери ин санади сарнавиштсоз мардум дилпурона ва бо боварии комил меӽнат намуда, ба дастовардӽои бузурге ноил гардиданд ва инро гузашти вақт исбот намуд. Чуноне аз мушоӽидаӽо бармеояд аз Паёми қаблӣ то Паёми навбатӣ Тоҷикистон ба пешравиӽои назаррас ноил гардид. 

Ӽамзамон, Манучеӽри Хуршед иброз намуд, ки мо ӽама дар якҷоягӣ бояд аз сиёсати Пешвои миллат, Раиси муаззами  Ӽизби Халқии Демократии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон пуштибонӣ намуда, баӽри он ҷидду ҷаӽд намоем, он супоришу вазифаӽоеро, ки имрӯз дар наздамон меистад, бо сарбаландӣ иҷро намуда, дар пешрафту нумуи Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти он саӽми арзандаи худро гузорем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg