ҲАМАДОНӢ. Тибқи ҷадвали нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба татбиқи амалии Аксияитарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сино»-и шаҳраки Москва бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вохӯрӣ гузарониданд. Зимни баромад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғаффорзода Давлатҷон оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ироа гардид суҳбат намуда, қайд кард, ки солҳои 2019-2021 аз тарафи Пешвои миллат Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Дар ҳамин росто бояд ҷиҳати дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми деҳаю маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иншоотҳои замонавӣ сохта шавад. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» мо сокинони ватандӯст вазифадорем, ки корҳои ободнию созандагиро дар сатҳи маҳалл татбиқ намоем ва аз шароити шахсони ятиму бепарастор ва маъюбон бохабар бошему ба онҳо дасти кӯмак дароз намоем. Боиси қайд аст, ки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сино» хонаи истиқоматии ятиму бепарастор Раҷабова Оқиламо дидан намуданд, ки манзили истиқоматӣ таъмирталаб буда, шахсони саховатпешаи маҳаллаи мазкур дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» таъмиру тармими онро ба уҳда гирифтанд.