БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ниёзмандони ҷомеа аз иқдомҳои ватандӯстонаи ҳизбиён миннатдоранд

КУШОНИЁН. Дар доираи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Кушониён дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия дар нимаи якуми соли 2019 ва татбиқи  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони Якҷоя ҳал мекунем!”  дар ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои барқ”-и ноҳия  вохӯрӣ гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ  муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Кушониён Абдуллоев Мирвоҳид  иштирок дошта, оид ба ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла ватандӯстию хештаншиносӣ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баррасиии масъалаҳо доир ба вазъи ҷаҳони муосир, омодагии Тоҷикистон дар бораи ҷилавгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.

Баъд аз суханронии судманд Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  баргузор карда шуда, ба чор нафар кормандони ниёзманди ташкилот  маводҳои хӯрока кӯмак карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg