БОХТАР. Бо мақсади амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Ватан дар маҳаллаи Дӯстии халқҳо ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳама якҷо шуда, роҳҳои байни маҳалларо сангфарш карданд. Бадан раиси маҳалаи Дӯстии халқҳо ба сухан баромада, ибрози ақида намуд, ки дар идома ин амалҳоро бо дастгири сокинони маҳала кӯшиш мекунем бештар ва хубтар ба роҳ монем.