БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пардохти андоз аё аҳли Ватан осоиши кишвар асту қарзи туву ман...

Ш.ШОҲИН. Кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Андозчиён» тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва дастуру супоришҳои мақомоти болои ҳизбӣ баҳри расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир намуданд.

Вохӣриро Асақолов Алиҷон муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин   кушода,  доир ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он  тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро дар бар гирифта буд,   суханронӣ  намуд.

Баъдан Қурбонова Малоҳат мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар бораи эълон гардидани  солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!” ҳарф зада, аз ҷамъомадагон барои  саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободонӣ, расонидани кӯмакҳои моддиву молия, ҳалли мушкилоти маҳалли зист ва боз ҳам пешрафтаву  маҳбубтар шудани Ватани азизамон- Тоҷикистон  даъватба амал овард.

Дар охир чанде  аз аъзои  ташкилоти ибтидоӣ   сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, аз натиҷаи рушди бемайлони хоҷагии ҳалқ ва беҳтару хубтар шудани сатҳи зиндагӣ дар деҳот изҳори қаноатмандӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg