БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аз эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сокинон сарфарозанд

ШАҲРИТУЗ. Тибқи нақшаи кории  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  дар ташкилоти ибтидоии «Телеком»-и  ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони ташкилоти ибтидоии номбурда баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Шаропов Ҳомидҷон ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияз Замонов Азиз иштирок дошта, дар рафти он масъулин самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, пешгирӣ аз  шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ, иҷроиши талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва оид ба моҳият ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи ҳадафҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар ва эълон шудани солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Доир ба Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” масъулин  ба роҳбари ташкилоти ибтидоӣ тавсия додаед, ки  дар назди  бинои ташкилоти номбурда гулу гулбуттаҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабз, ки ҳусни ноҳияро беҳтар мегардонад, шинонанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg