БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият нодиртарин дастоварди таърихӣ

ҶАЙҲУН.Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва вохӯриву мулоқот дар ташкилоти ибтидоии маркази саломатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва нуктаҳои асосии Паёми навини Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ғафорова Насима ва 7 нафар аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр баргузор гардид.

Зимнан дар рафти чорабини мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ ва муҳтавои асосии Паёми Пешвои миллат муфасал суханрони намуда иброз дошт, ки  истиқлолият волатарин ва боарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик ба шумор рафта, дар сарнавишти халқи мо ҳамчун нодиртарин воқеаи таърихӣ нақши тақдирсоз дорад. Чунки ин рӯйдоди муҳим дар хонадони мо нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ ва ҳамфикрию ҳамзистиро пойдор намуд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад».

Ҳамчунин дар чорабинии мазкур Ғафорова Насима вобаста ба мавзӯи баррасишаванда баромад намуда қайд кард, ки  дар баробари эътибор додан ба раванди бунёдкориҳо, диққату эътибори Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба сохтмону бунёд ва бо таҷҳизотҳои муосиру замонавӣ таъмин намудани муассисаҳои иҷтимоӣ хусусан муассисаҳои соҳаи тандурустӣ равона гаштааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg