
ХУРОСОН. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ғаллаобод» таҳти унвони «Паёми Пешво-раҳнамои мо!» оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон моҳияти нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаҳмонида, аз ҳар яки онҳо барои масъулиятнокӣ зоҳир намудан дар пешрафту тараққиёти Ватан ва таъмини зиндагии шоиста даъват ба амал овард.
Инчунин, дар идома мавсуф дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” сухан карда, иштирокдоронро ба корҳои созанда, тарбияи дурусти фарзандон, сазовор истиқбол гирифтани ҷашни пурифтихори давлату миллат Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамоӣ намуд.