БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

То ҷашни 30 –солагии истиқлолият дар деҳа 21 номгӯи иншоотҳои хурду бузурги хизматрасонӣ бунёд мешавад

ХОВАЛИНГ. Дар хониши сиёсии тибқи ҷадвал дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сафедшаҳрак»-и ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ гузаронида шуда, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб аз баромади мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Сайҷалол  Сатторов, вакили Маҷлиси вакилони халқ аз ҳавзаи интихоботии  № 23 Х. Яъқубов, корманди Маркази ВНМО  М. Мирзоева оиди бандҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, зарур ва аҳамияти сарфаю сариштакорона истифода намудани нерӯи барқ, роҳҳои мубориза ба муқобили падидаҳои номатлуби замон - терроризм ва экстремизм, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, коррупсия, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, зарурати риоя намудани урфу одат ва фарҳанги миллӣ, аз ҷумла пӯшидани либоси хоси миллат,  истифодаи технологияи муосир,  моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ маълумоти муфассал ба даст оварданд.

Карманди Маркази ВНМО М. Мирзоева дар баромадаш оид ба  роҳҳои гузариши ин беморӣ ва хатари ба ҳаёт ва ҷомеадоштаи он маълумот дода, аҳли нишастро ба тарзи ҳаёти солим даъват намуд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Х. Яъқубов дар баробари шарҳу тавзеҳ ва муайян намудани вазифаҳои сокинони деҳа дар амри иҷрои дастуру супоришҳое,  ки аз ин Паёми Пешвои миллат бармеояд,  дар назди интихобкунандагонаш аз фаъолияти яксолаи вакилии худ ҳисобот дода, нақшаҳои дар пешбударо оид ба рушди деҳа баён дошта, қайд намуд,  ки то 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ва ҳамдастӣ бо мардум дар деҳа зиёда аз 21 иншотҳои хурду бузурги варзишӣ ва хизматрасонӣ сохта ба истифода дода мешавад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg