БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Гарави тансиҳатии ҳар як инсон тозагии ӯст

ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пайравон»-и деҳаи Тоҷикистон 1-и ҷамоати деҳоти Ғайрат бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  баргузор гардид.

Дар ин Аксияи ҳизбӣ  сокинони деҳа бо дастгирии техникии ҶДММ «Корпоратсияи Зиёратшоҳ», партовҳои аз даруни ҷӯйборҳо берункардашударо тоза карда, бехи дарахтонро нарм намуданд. Ҳамчунин, бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия мутахассисони идораи Шабакаҳои барқи ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 барои чароғон кардани  ин муассиса, ноқилҳои барқиро иваз намуданд.

Дар партави Паёми Пешвои миллат ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинон корҳои ободониро дар деҳа вусъат дода, ният доранд, ки роҳҳои дохилии деҳаро низ  сангфарш кунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg