БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиён дар татбиқи шаҳру тавзеҳи Паём вазифадор гардиданд

ПАНҶ. Дар толори маҷлисгоҳи Амонатбонки ноҳия бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ таҳти унвони «Мубориза зидди  коррупсия» хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҳизб Ҳошимов Тоҳир, Ғафуров Сайдамир –мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия, аъзо ва ҷонибдорони ташикилоти ибтидоии Амонатбонк иштирок намуданд.

Масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб андешаронӣ намуда, аз ҷумла оиди омилҳои нангин ва хатарноки  ҷомеа-коррупсия андешаронӣ намуданд. Коррупсия- падидаи номатлуби замон унвон гардида, сокинони кишвар хатари онро ба амнияту  истиқлолияти давлатӣ бештар дарк  менамоянд.

Дар мубориза зидди коррупсия ба ду масъала диққати аввалиндараҷа зоҳир намуд. Аввалан мубориза  бар зидди амалҳои мавҷудаи коррупсионӣ ва дигаре  ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат ба коррупсия дар доираи тарбияи мафкураи  зиддикоррупсионии аҳолӣ мебошад. Аз ин бар меояд, ки  дар ин мубориза  тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф  набошанд.

Баъдан, раиси ташкилоти ибтидоии «Амонтабонк» Чақалов Ҳусейн дар баромадаш оиди Қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, иброз дошт, ки дар амал татбиқ намудани Қонунҳои мазкур  ҳамчун манбаи пешгирӣ аз исрофкорӣ, ки бевосита ба манфиатҳои аҳолӣ буда, ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ  мусоидат менамояд ва илова бар ин масъулияти волидайн дар тарбияи дурусти фарзандон бо роҳи ватандустӣ, хештаншиносӣ  бештар шуда, насли ҷавону ояндасози кишвар дар роҳи расидан ба Тоҷикистони соҳибистиқлолу демократӣ саҳмгузор мешаванд. Дар итмом ба ҷавонони фаъоли ба сафи ҳизб шомилгардида шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg