НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Рӯдакӣ-1» бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Муслима Ғуриева вохӯрӣ доир гардид.
Зимни баргузории вохӯрӣ Муслима Ғуриева оид ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки Пешвои миллат нахуст вобаста ба дастовардҳои дохиливу хориҷӣ ибрози назар намуда, соли 2018-ро соли воқеан соли таърихӣ унвон намуданд. Зеро дар самти сиёсати хориҷӣ воқеан ҳам соли 2018 бо оғози расмии татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти об, ба сатҳи шарики стратегӣ боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, дар самти сиёсати дохилӣ ба истифода дода шудани агрегати якуми НБО-и Роғун, пурра татбиқ ёфтани ҳадафи дуюми стратегии кишвар, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Тоҷикистон ва дигар дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба соли таърихӣ дар ҳаёти кишвар табдил ёфт.
Инчунин, баҳри ободии диёр ва дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳр босуръат идома дошта, баҳри боз ҳам амали гаштани пешниҳоди Сарвари давлат солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд.
Дар охир мавсуф аз занону бонувони фаъол даъват ба амал овард, ки бо касбу ҳунарҳои мардумӣ Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро истиқбол намоянд ва касбу ҳунарҳои мардумиро ба ҷавонону наврасон омӯзонанд.