БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём – муайянкунандаи вазифаҳои ҳар як шаҳрванд

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Касбомӯз” оид ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Саидмӯъмин маҷлис баргузор карда шуд.

Нахуст, дар вохӯрӣ изҳор гардид, ки зимни ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҷомеа соли ҷорӣ мо барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои дар ҳуҷҷатҳои стратегӣ пешбинишуда қадамҳои устувор гузоштем. Дар натиҷаи амалӣ намудани вазифаҳои дар Паёми соли гузашта баёншуда соли 2018 рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст гардида, таваррум дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ дошта шуд.

Ҳамзамон, бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад. Ва вазифаҳо дар ин самт мушаххас карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg