БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳиммати ҳизбиён дар пайи иҷроиши Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”

ҚУБОДИЁН. Баҳри иҷрои нақша- чорабиниҳо доир ба қисмати   амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем! ”  дар ташкилоти  ибтидоии ҳизбии “Чорбоғ”-и ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳия корҳои ободонӣ  доир карда шуд.

Сокинони деҳа дастаҷамъона  бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандони Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фазоисулҳу суботи кишвар дастуру супориш ва ҳидоятҳои  Роҳбари давлатро  ҷонибдорӣ карда,  ҷӯйборҳои деҳаро аз партову алафҳои бегона  тоза намуда, дарахтони сояафкану ороишӣ ва  мевадиҳандаро  шинониданд.

Инчунин, дар идома  деворҳои фарсударо қисман таъмир намуда, бехи дарахтоне, ки ду тарафи роҳро  зебоӣ мебахшад, нарм карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg