БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат: Танҳо миллати солим қодир аст дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт ба комёбиҳои бузург ноил гардад

ДӮСТӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва дигар шахсони даъватӣ вобаста ба  муҳтавои  Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар толори  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи марказӣ»-и ноҳия вохӯрӣ доир намуданд. 

Зимни суҳбат масъулин нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллатро  шарҳу тавзеҳ дода,  табибону ҳамширагонро ба хизмати содиқона ва иҷрои фаъолияти пурсамар дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии ҷомеа, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханрониҳояшон  таъкид месозанд- танҳо  миллати солим қодир аст дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт ба комёбиҳои  бузург  ноил гардад, раҳнамоӣ карданд.  Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Қурбонов Ниёзмуҳаммад  зимни баромади худ қайд намуд, ки муассисаи мо яке аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии фаъол дар ноҳия ба шумор рафта,  сиёсати  хирадмандонаи Роҳбари давлат ва ҳадафҳои барномавии ҲХДТ-ро  ҷонибдорӣ менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg