БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таблиғи муҳтавои Паём дар сатҳи маҳал

ДАНҒАРА. Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии маҳалаи “Рӯдакӣ”-и ҷамоати шаҳраки Данғара бо иштироки Каримов Пирмуҳаммад  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур зимнан атрофи нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, равияҳои тундгаро ва бегона, риояи қонунҳои миллӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, муносибатҳои оилавӣ ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон, саҳмгузорӣ дар ободонию созандагӣ бахшида ба сазовор истиқбол намудани 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат суханронӣ карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg