БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа мебошад

ВАХШ. Бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ҳамкори бо шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш мусобиқаи хурди футбол байни  ҷавононро ташкил намуд.

Нахуст  пеш аз баргузории бозии шавқовари футбол  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ноҳиявии ҳизб, роҳбари намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Вахш Худойдод  Ёров  ибрози андеша намуда, ёдовар шуд, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон  ба Маҷлиси Олии кишвар қайд карданд, ки ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд.

Ҳукумати Точикистон барои ҷавонон  тавассути  оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим  ва омодасозии варзишгарони касбӣ  аз  ҳама имкониятҳо истифода мекунад. Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Инчунин,  бояд ёдовар шуд , ки дар ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ  ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик  ва давлати тоҷикон омода бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg