БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат роҳнамои хуб аст

БОХТАР. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар оиди  баргузории вохӯриҳои гуруҳҳои таблиғотии доимамалкунандаи ҳизбӣ, оид ба бараси намудани мазмун ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Ороиши шаҳр»  дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  Ҳакимова Волида иштирок намуда, қайд кард, ки дар Паёми худ Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян карда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро  ба миён гузоштанд.
Эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад  ва даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати амалӣ гардонидани ин дастури муҳим пурмаҳсул ва садоқатмандона фаъолият намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg