БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Зиёдшавии сафи аъзоёни ҳизб аз ҳисоби ҷавонон

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лаёқат” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ маҷлис баргузор карда шуд.

Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лаёқат” Сабуров ирмурод иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст, ҳозирин қайд доштанд, ки зимни Паёми худ Сарвари давлат соли 2018-ро соли дастовардҳои беназир ва таърихӣ унвон доданд. Дастгирии ташаббуси чоруми ҷаҳонии Роҳбарии Олии кишварамон дар соҳаи об - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», боло рафтани муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ба истифода дода шудани агрегати якуми НБО Роғун, ки кохи азими нур қалбҳои мардуми тоҷикро барои ояндаи дурахшон гарм намуд, ки чунин рӯйдодҳои муҳимму хотирмон дар асл таърихӣ будани соли 2018-ро собит менамоянд. Натиҷаҳое, ки дар соли 2018 ба он муяссар гардидем, ҷиҳати расидан ба зиндагии арзандаву шоиста қадамҳои устуворона мебошанд.

Дар фарҷом ба аъзои нави ҲХДТ, ки аксариятро ҷавонон ташкил медиҳанд, ба онҳо билетҳои ҳизбӣ ботантана тақдим гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg