ҚУБОДИЁН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён тибқи нақша-чорабиниҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Матлуботчиён” бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ хониши сиёсӣ доир намуд.
Дар хониши сиёсӣ муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мудири шуъбаи таблиғот, иттилот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Ваҳобиддин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар рафти суҳбат мавсуф доир ба самтҳои асосии Паём андешаронӣ карда, афзуд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун барномаи мукаммали солонаи ҳар як фарди тоҷикистонӣ маънидод гардида, нақшаву вазифаҳои навбатӣ ва ояндаро барои расидан ба ҳадафҳои назаррас бо мақсади таъмини рушди устувори рӯзгори мардум равона карда шудааст.
Бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои занону духтарон шароит фароҳам овард,ки занону бонувони тоҷик метавонанд бо омӯзиш ва рушд додани касбу ҳунар шароити иқтисодии худ ва атрофиёнашонро бо ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ беҳбудӣ бахшанд.