БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Татбиқи масъалагузориҳои Паём мароми мост!

ДАНҒАРА. Дар асоси ҷадвали тасдигардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нури Истиқлол”-и Донишгоҳи давлатии Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Каримов Пирмуҳаммад  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, Шоҳиён Нуралӣ Набот  ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нури Истиқлол” иштирок намуда, атрофи нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  суханронӣ намуданд.

Аз он ҷумла, дастовардҳои муҳим ва рӯйдодҳои таърихӣ дар соли 2018, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар сатҳи байналмилалӣ оғоз гардидани марҳилаи аввали пешниҳоди чоруми сатҳи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 дар масоили марбут ба об Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”,  барқарор гардидани муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ба кор андохтани чархи аввалини Нерӯгоҳи барқи обии Роғун - иншооти аср, омодасозии мутахассисони замони нав ва рақобатпазир дар бозори озоди меҳнат, сифати таълим, мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ, татбиқи навгониҳо ва ихтироот дар истеҳсолот, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва иртиҷоӣ, риояи қонунҳои миллӣ,  эълон гардидани солҳои 2019- 2021Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, созандагиву ободкорӣ дар деҳот бахшида ба сазовор истиқбол намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат махсус зикр гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg