ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва вохӯриву мулоқот дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаву маҳаллаҳо дар ташкилоти ибтидоии Нафтчиён хониши сиёсӣ оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳамадҷон ва 13 нафар аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр баргузор гардид.
Зимнан дар рафти чорабинии мазкур мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии КИ ҲХДТ дар нохия Муҳамадҷон Зайдуллоев вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз онҷумла пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хатар ба амнияти миллӣ, чораандешӣ ҷиҳати дар миёни аҳолӣ ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат бо коррупсия ҳамчун омили хатарнок, тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, риояи талаботҳои Rонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва ҳамчунин оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат муфасал баромад намуда, иброз доштанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ rайд намуданд, ки таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад.
Хамчунин дар доираи чорабинии Аксияи ҳизби таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» аз ҷониби ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии номбурда ба як оилаи корманди фавтидаашон кумаки молли расонида шуд.