БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ТЕМУРМАЛИК. Дар ноҳияи Темурмалик бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи алоҳида ва бо мақсади рушди деҳот сохтмони як қатор иншоотҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ба мардум пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла дар ҷамоатҳои деҳоти Кангурт ва Қарақамиш корҳои ободонию созандагӣ бо вусъати тоза идома доранд. Чунончӣ рӯзи бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҷамоатҳои номбурда оиди ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ боздид ба амал оварда шуд.

Суратгузориши мазкур аз рафти омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар деҳаҳои Чавроқ, Савда, Давлатшоён, Оби ширин, Қарақамиш ва Фалҳободи ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Кангурт ва Қарақамиш, инчунин ҷараёни фаъолияти гурӯҳи кории ба ин ҷашн таъсис додашуда дарак медиҳад.

Маълум гардид, ки корҳои ободонӣ ва созандагӣ аз қабили сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ, маркази саломатӣ ва дигар сохтмонҳои ҷашнӣ бо маром идома доранд.

Чунин корҳои ободонию хуррамгардонӣ ва бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия давом доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg