ЛЕВАКАНТ. Вохӯрии навбатии гуруҳи кори оид ба баррасии муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Ҳасани Муродиён –профессор, номзади илмҳои филологӣ, Маҳкамова Дилором досент, номзади илмҳои филологияи донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Қурбонова Наргис- муовини раиси шаҳри Левакант, Назарова Фароғат-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, Суҳроб Валиев -мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумита дар СНОБ- шаҳр вохӯрии судманд доир гардид.
Баромадкунандагон зимни вохӯрӣ дар бораи пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки аз Паёми Сарвари давлат бармеояд ибрози андеша намуданд.
Назарова Фароғат- муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр аз нуктаҳои Паёми сарвари давлат суханронӣ намуданд, ки мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик ба сари мо таҳмил карда буданд, ҳаргиз фаромуш намекунем ва бо итминон изҳор медорем, ки мардуми мо дигар ба доми фиреби душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирифтор намешаванд. Аз ин рў мо ҳамеша ҷонибдори сулҳ дар саросари ҷаҳон ҳастем.