БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Саҳм доштан дар ободии Ватан рисолати ҳизбиён аст!

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷи дониш” вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мулоқот баргузор карда шуд.

Нахуст, мулоқот бо суханронии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷи дониш”, директори китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ дар минтақаи Кӯлоб Обидов Саймуҳаммад шурӯъ шуд.

Зимнан, аз ҷониби ҳозирин гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26.12.2018 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ва аҳли ҷомеа вобаста ба дастовардҳи дохиливу хориҷӣ ибрози назар намуда, соли 2018-ро соли воқеан таърихӣ унвон намуданд. Зеро дар самти сиёсати хориҷӣ воқеан ҳам соли 2018 бо оғози расмии татбиқи ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти об, ба сатҳи шарикии стратегӣ боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, дар самти сиёсати дохилӣ ба истифода дода шудани агрегати якуми НБО Роғун, пурра татбиқ ёфтани ҳадафи дуюми стратегии кишвар, яъне пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Тоҷикистон ва дигар дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба соли таърихӣ дар ҳаёти кишвар табдил ёфт.

Ҳамзамон, дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” гирду атрофи ташкилоти ибтидоӣ тозаву озода шуда, заминҳо ва бехи дарахтону гулҳо мулоим гардиданд.

Бояд хотирнишон шуд, ки бо ташаббуси аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти мазкур дар заминҳои холи алафҳои сабз, гулҳои садбарг ва дарахтони ҳамешасабз шинонида шуданд.

Инчунин, гирду атрофи бино чароғон карда шуд, ки ба ҳусни шаҳр ҳусни дигар бахшидааст.

Аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷи дониш” оянда тасмим доранд, ки сафолакҳои назди корхонаро аз нав карда, китобхонаро таъмири ҷорӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg