БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Меҳвари Паём-зиндагии шоистаи мардум аст

Н.ХУСРАВ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири Хусрав вобаста  ба  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ ҷалби   васеи мардум    дар  татбиқи   ҳадаф ва  мақсадҳои  созандаи ҲХДТ ва   амалӣ намудани нуктаҳои Паёми имсолаи  Президенти  мамалакат  ба  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва   татбиқи    Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя  ҳал  мекунем!»  дар  ташкилоти  ибтидоии ҳизбии ҷамоати  деҳоти  “Истиқлол”   баргузор  гардид.

Вохӯриро  мудири  шуъбаи  кор  бо  ҷавонон ва  занони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Остонақулов  Шодмонбек  ифтитоҳ  намуда,   қайд  кард, ки дар  Паёми  имсолаи  худ  Президенти  мамлакат  ба  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  самти иқтисод ва  саноат, мардумро ба  амалисозии  лоиҳаҳои  гуногун ва  ворид  намудани  технологияҳои  муосир, зиёд  намудани  содирот  ва  кам  кардани  воридоти  маҳсулот, фароҳам  овардани фазои  мусоид барои  соҳибкорӣ,  ташкили  ҷойҳои  нави  корӣ  ва  фаъол  гардонидани сармоягузориҳои хориҷиро дар  мамлакат сухан ронда,  афзунаднд, ки бо  назардошти  аҳамияти  соҳаи  саноат дар  ҳалли  масъалаҳои  иқтисодиву  иҷтимоӣ ва  таъсиси  ҷойҳои  корӣ  пешниҳод  гардид, ки  саноатикунонии  босуръати  кишвар  ҳадафи  чоруми  миллӣ эълон  карда  шавад.   

Дар  татбиқи  қисмати  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя  ҳал мекунем!” кормандони  ташкилоти ибтидоии мазкур  дар  назди бино ниҳолҳои  ороишӣ  шинонида, ба  сохтмони  иншоотҳои  маишии  бунёдшудаистода   ёрии  амалӣ расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg