ЁВОН. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар доираи ҷадвали тасдиқнамуда бо мақсади баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳандозӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!" ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти сохтмони иншоотҳои ба нақша гирифташудаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти “Ситораи Сурх" дидан намуданд, ки иншоотҳои мазкур дар муҳлатҳои муайяншуда ба истифода дода мешаванд.
Дар рафти дидан намудан аз сохтмони иншоотҳои маишию хизматрасонӣ, ки бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешванд, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон и.в. муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Солиҳов Маҳмадрасул бо баъзе аз соҳибкорон ва шаҳрвандон ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суҳбатҳои муфид доир намуд.