БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аз фаъолон даъват ба амал оварда шуд, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ фаъол бошанд

ДӮСТӢ. Вобаста ба ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори  маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Нури Вахш намояндагони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Дӯстӣ Саидзода Нурмуҳаммад, аъзои гурӯҳи корӣ  и.в. раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз бо фаъолони ҷамоати номбурда суҳбату вохӯрӣ доир намуданд. 

Зимни суханронӣ масъулин  нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ба мардум шарҳу тавзеҳ доданд. Дар толор раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, хоҷагидорону кишварзони ҷамоати номбурда иштирок намуда,  дар баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ,  аз қабили  роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  вазифадор карда шуда, ан онҳо даъват ба амал оварда шуд, киҷиҳати амалигадонии ҳадафҳои барномавии ҲХДТ   фаъол бошанд.

Мардуми заҳматкаши ҷамоат аз Паёми навбатии Пешвои миллат вобаста ба дастгирӣ дар самти кишоварзӣ изҳори минатдорӣ намуда, қайд карданд, ки баҳри боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияти кишоварзӣ корро дуруст ба роҳ мемонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg