МУЪМИНОБОД. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази кӯмаки аввалияи тиббӣ»-и ноҳия бо иштироки фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мулоқот доир карда шуд.
Дар мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Т. Восиев иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар маҷлис самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби либоси миллӣ, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, пешгирии гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, муқовимат бо коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа, риояи қонунҳои миллӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, баландбардоштани савияи дониши наврасону ҷавонон, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби шахсони бекор ба корҳои хонагӣ, аз ин ҳисоб баланд сатҳи зиндагии сокинон ва паст кардани шиддати бекорӣ андешаронӣ намуда, дар ин раванд моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ки барои хуб гардидани шароити сокинон ва тараққиёти Ватани азизамон равона карда шудааст, фаҳмониданд.