ТЕМУРМАЛИК. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати тарғиботӣ ва амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ҳамчунин бобати иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯрию мулоқотҳо, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мактаби варзишии №2» вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, дар вохӯрӣ вакили ҷамоати шаҳраки Совет Мирзоева Фотима иштирок дошта, дар бораи масъалаҳои номбурда андешаҳои хешро баён карда, ҷамъомадагонро барои саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ баҳри юбоз пешрафтатар гардидани Тоҷикистони маҳбубамон маслиҳатҳои муфид дод. Баъдан вобаста ба татбиқи қисмати тарғиботию амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мактаби варзишии №2” Шукуров Шамсиддин кормандони ташкилоти ибтидоӣ ва фаъолони ҲХДТ ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар нармкунии замин бо мақсади кабудизоркунӣ саҳм гузоштанд.