БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вусъати корҳои ободонӣ бо роҳи дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо

ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаи ба номи С.Айнии ҷамоати шаҳраки Панҷ ҷиҳати  ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда аз роҳи тарғиби дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо чорабинии ҳизбӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии Баҳор гузаронида шуд. 

Ҷиҳати корҳои ободонӣ бо роҳи дуруст сафарбар намудани корҳои хайрхоҳона ва саховатмандона сокинони маҳал тасмим гирифтанд, ки ба 1 оилаи камбизоати маҳалла кӯмаки хайриявӣ намуда, ба 2-нафар фарзандонашон сару либоси зимистона тақдим намуданд.

Ҳамзамон, бо истифода аз рӯзи офтобӣ  бо қувваи сокинони маҳал девори хонаи як нафар маъюби бистарӣ гаҷкорӣ карда шуда, дару деворҳои хонаи истиқоматии ӯро  сафед карданд, ки боиси гирифтани дуои неки онҳо гардиданд.       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg