КУШОНИЁН. Дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол, деҳаи Байнал барои сазовор пешвоз гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” зери шиори “Созандагӣ ва бунёдкорӣ мароми мост!” бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ шанбегӣ доир гардид.
Иштирокдорони шанбегӣ роҳи деҳаи Байналро бо тариқи ҳашар сангфарш намуданд.
Ин ташаббус дар тамоми кӯчаю хиёбонҳо ва дар ҳар хонадони сокинони маҳал идома дошта, корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳия рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодаанд.