ЛЕВАКАНТ. Тибқи нақша -чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти Ваҳдат вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ оид ба баррасии муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Ҳасани Муродиён профессор, номзади илмҳои филологӣ, Маҳкамова Дилором досент, номзади илмҳои филологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Қурбонова Наргис муовини раиси шаҳри Левакант, Ватанзода Сайҷаъфар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, Суҳроб Валиев мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумита вохӯрии судманд доир гардид.
Ҳамзамон, бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр барои азнавсозии роҳҳои маҳалӣ ва дар ин самт фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ҷалб карда шуда, роҳи деҳа ҳамвору сангфарш карда шуд.
Дар охири ҳашари умумӣ сокинони деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти Ваҳдат барои баргузории чунин як вохӯрии судманд ва ҳамвору сангфарш намудани роҳи деҳаи мазкур изҳори қаноатмандӣ намуданд.