БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- Созандагиву ободонӣ ва бунёдкорӣ мароми мост!

КУШОНИЁН. Барои  сазовор пешвоз гирифтани 30- солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар тамоми ташкилотҳои ибтидоӣ зери шиори “Созандагиву ободонӣ ва бунёдкорӣ мароми мост!” корҳои ободонӣ  баргузор шуда истодааст.

Чунин корҳои созандагиву бунёдкорӣ  дар ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, деҳаи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ доир гардид, ки дар он роҳи байни деҳа ва оромгоҳро қисман   сангфарш намуда,  оромгоҳи деҳаро  ал алафҳои бегона тоза карданд.  

Ташаббуси ватандӯстонаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  дар тамоми кӯчаю хиёбонҳо ва дар ҳар хонадони сокинон  идома дошта, корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳия рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg