БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо бо Пешвои худ ифтихор дорем!

ВОСЕЪ. Хонишҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Восеъ бомаром идома доранд ва ин навбат дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти “А. Рȳдакӣ” хониши сиёсӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза, ноиби ректори Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кȳлоб Пиралӣ Назаров, мушовири ректори мазкур  Зафар Мирзоён, намояндаи вилояти Хатлон Сафарзода Карим, раиси ноҳияи Восеъ Ғафурзода Мӯсо Зариф, вакилони ноҳиявӣ Ниёзова Қурбонбӣ, Неъматов Ибодулло ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ  баргузор гардид.

Зимни вохȳрӣ масъулин оид ба баррасӣ ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимтарини Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 суханронӣ намуданд.

Ӽамзамон, масъулин зикр намуданд, ки дар Паёми худ Пешвои миллат самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, зан ва мақоми он дар ҷомеа вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар ҷамъбасти вохȳрӣ иброз гардид, ки ҳамаи моро зарур аст Паёми навбатии Пешвои миллатро таҳлил ва баррасӣ карда, онро дастгирӣ намоем, масъалаҳои ироанамудаи онро сармашқи кори худ намуда, баҳри пешрафту дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва баҳри ба давлати мутараққӣ табдил додани Ватани азизамон бештар меҳнат кунем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg