БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дасти мадад ба кори деҳқон…

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кишварз» Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ташкил ва баргузор намуданд.

Дар Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ Бобоев Раҳим дар якҷоягӣ бо хоҷагидорони хоҷагии ниҳолпарварии ба номи  «Шамс» ва «Беҳрӯз» аз ҷамоати деҳоти Нури Вахш дар қитъаҳои замини хоҷагӣ дар зери плёнка бо  усули қатрагин навъҳои помидор, қаламфури булғорӣ, бодиринг ва тарбузи барвақтиро парвариш намудаанд, ки баъд аз қадрас гардиданашон ба замини кушод мегузаронанд. Хоҷагидорон Эшбеков Шамсиддин ва Сатторов Эргаш  қайд намуданд, ки ҳамасола аз чунин усули деҳқонӣ фоидаи зиёд ба даст оварда, рӯзгори хеш ва саҳмдорони хоҷагиро бо маводҳои ғизоӣ ва эҳтиёҷоти молиявӣ таъмин менамоянд. Масъулин зимни вохӯрӣ ҳадафҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри дар маҳал роҳандозӣ намудан бо шарҳу тавзеҳ ба саҳми роҳбарият ва саҳмдорони хоҷагиҳои зерин расониданд.  Хоҷагидорон вобаста ба ғамхории Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирӣ дар риштаи кишоварзӣ, аз ҳамкорӣ ва кӯмаки ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кишоварз» изҳори минатдорӣ намуда, аз вохӯрии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ руҳбаланд гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg