ВОСЕЪ. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар тамоми гӯшаву канори ноҳияи Восеъ корҳои созандагиву ободонӣ баргузор шуда истодааст.
Ин навбат дар ҷамоати шаҳраки Ҳулбук, маҳаллаи ба номи И. Раҳимов бо иштироки сокинони маҳалла ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ корҳои ободонию созандагӣ доир гардид.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ташаббуси наҷибро идома дода, дар ҳашари навбатӣ фаъолона иштирок намуданд.
Сокинон барои ободу зебо гардонидани маҳаллаи худ ҷȳйборҳои маҳалларо аз партовҳо тоза намуда, ҷойҳои фарсуда ва таъмирталаби ҷȳйборҳоро аз нав таъмир намуданд.
Иқдоми неки ҳизбиён дар тамоми кӯчаю хиёбонҳо ва деҳаву маҳаллаҳои ноҳия идома дошта, корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳия рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодааст.