БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Моҳияти Паёми навбатии Пешвои миллатро сокинон бо руҳияи баланди ватандӯстӣ дарк намуданд

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ масъулин оид ба корҳои ободониву  созандагӣ бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Ваҳдат”-и ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» доир намуданд.

Дар Аксияи мазкур иштирокдорон дар  корҳои ободонӣ тоза намудани ҷӯйбору роҳравҳои байни деҳа, нарм намудани бехи дарахтони сояафкани кӯча саҳм гузоштанд. Мусаллам аст, ки суханрониҳои   Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зимни Паёми навбатӣ  мардум дарк намуда, онро дар амал татбиқ  карда истодаанд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳа Давронов Мурод дастаҷамъона бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстиро баҳри иҷроиш ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg