![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20190116_112826.jpg?itok=hkhfuiRV)
ВОСЕЪ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таӽти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии «Охҷар» бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Шаӽноза Раҷабова вохȳрӣ баргузор гардид.
Зимнан Шаӽноза Раҷабова оид ба Паёми Пешвои миллат муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон суханронӣ намуда, қайд кард, ки мо пеш аз ӽама ба инкишофи зинаи таӽсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаӽоро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеӽнии толибилмон шароити мусоид фароӽам созем.
Ӽамзамон, тибқи нақшаи корӽои созандагиву ободонӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар баробари сохтмон ва тармими иншооти таъиноти иҷтимоӣ дар муассисаи таӽсилоти миёнаи умумии №3-и ҷамоати деӽоти ба номи Миралӣ Маӽмадалиев бо кӯмаку дастгирии Раҷабов Мансур китобхонаи муассисаи мазкур аз нав таъмир шуда, аз тарафи соӽибкорон Садриддин Ӽасанзода ва Одина Ӽаёт барои хонандагони муассисаи мазкур 4 адад миз ва 40 адад курсӣ харидорӣ карда шуд.