БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маориф – манбаи илму ирфон

ДАНҒАРА. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур Каримов Пирмуҳаммад  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, атрофи нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  суханронӣ намуданд. Аз он ҷумла дар мавзӯъҳои ба истифода додани муассисаҳои таълимии замонавӣ, сифати таълим ва баланд бардоштани дараҷаи касбии мутахассисон, хусусан мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ, татбиқи навгониҳо ва ихтироот дар истеҳсолот, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, риояи қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, созандагиву ободкорӣ дар деҳот бахшида ба сазовор истиқбол намудани 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, танзими оила ва муносибатҳои оилавӣ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg