БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат вазифаи мо ӽизбиён аст

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали хонишӽои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҷамоти деӽоти “Гулистон” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар н Восеъ Сафарова Ӽафиза ва кормандони масъули Кумитаи иҷроия хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Ӽамзамон,  Сафарова Ӽафиза оид ба самтӽои афзалиятноки фаъолияти ӽизбӣ ва атрофи Паёми Пешвои миллат муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон, ки рȳзи 26.12.2018 ироа гардид,  суханронӣ намуда қайд кард, ки мақсади ироаи Паём аз он иборат аст, ки ӽар сокини ин кишвар вазифаи худро  дар роӽи давлатсозӣ,  ватандорӣ ба таври амиқу дақиқ муайян ва дар амал татбиқ созанд. Агар дурусттар ба моӽият ва манфиати Паёми Пешвои миллат аӽамият диӽем, дар он роӽи ӽалли тамоми мушкилоти нафақат ҷамъият, балки ӽар фард дар алоӽидагӣ нишон дода шудааст.

Зимни вохӯрӣ масъулин оид ба  эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солӽои рушди деӽот, сайёӽӣ ва ӽунарӽои мардумӣ, ки бо мақсади инкишофи инфрасохтори деӽот пеш аз ӽама ӽалли масоили иҷтимоии ҷомеа хусусан сокинони деӽот муаррифӣ шуд,  суханронӣ намуда, ӽозиринро баӽри ободу зебо гардонидани маӽали худ ва зиёд намудани корӽои созандагию бунёдкорӣ даъват ба амал оварданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg