БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бахши ҷавонони шаҳр» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар муовини раис мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Раҷабализода Парвиз ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Ватан бо баҳри баррасӣ ва амалисозии нуктаву хулосаҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар он муовини раис - мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Раҷабализода Парвиз ба сухан баромада, оид ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида карда, дар идома оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли ҷорӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва номгӯи корҳое, ки дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 бо ҷалби оммаи васеи сокинон масъалаҳои ҷориро баррасӣ намуд.
Дар охир раиси ташкилоти ибтидои ҳизбӣ Мирзохонов Искандар ба сухан баромада, оид ба гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ ва варзишӣ дар байни ҷавонон андешаронӣ намуд.