БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро дарк карданд

БАЛҶУВОН. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон мувофиқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба баррасии   муҳтавои Паёми навбатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис дода шуда,  миёни сокинон суҳбату вохӯриҳоро баргузор  намуда истодаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки  дар ин гурӯҳи таблиғотӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Мирзозода Исуф иштирок дошта,  дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ карда, сокинонро барои расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду тараққиёти  Ватан  ва зиндагии шоистаи мардум  ва амалигардонии дастуру супориш ва ҳидоятҳое, ки аз Паёми навбатӣ бармеоянд,  раҳнамоӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg