ПАНҶ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии Баҳори ҷамоати шаҳраки Панҷ мулоқоти судманд баргузор намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва муҳтавои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он 4 ҳадафи миллӣ пешниҳод шудааст, андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла, қайд шуд, ки ҳадафи чорум ва нави Сарвари давлат ин саноатикунонии кишвар буда, дар ин замина «300-рўзи ислоҳот оид ба дастигирии соҳибкорон ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» эълон карда шуд.
Дар ин раванд атрофи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ибрози андеша гардида, иштирокдорон ба корҳои созандагиву ободонӣ, ки ҳадафи аслии ҳизб рушду тараққиёти Ватан ва зиндагии пурсаодати сокинони кишвар мебошад, раҳнамоӣ шуданд. Ин аз он башорат медиҳад, ки Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат барои таъмини зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст.