БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём – барномаи мушаххаси амал ва дастурамали хуби корӣ барои ҳамаи соҳаҳо

 

ПАНҶ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ нахуст вобаста ба дастовардҳои дохиливу хориҷии кишвар дар соли 2018 андешаронӣ намуда, ин солро воқеан ҳам  таърихӣ унвон намуд. Дар Паёми имсола Сарвари давлат  масъалаҳо дар доираи  15 самту соҳаҳои муҳими ҷомеа- молия, саноат, иқтисод, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, экология, сайёҳӣ,  рушди деҳот ва амсоли онҳо ва дар доираи онҳо  вазифаҳоро барои соли 2019 мушаххас намуд.

Пешвои миллат дар Паёми имсола  саноатикунонии кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда таъкид намуданд, ки бо татбиқи ин ҳадаф гузариши Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ амалӣ хоҳад шуд.

Аз ҷумла, дар самти ватандўстӣ ва хештаншиносии шаҳрвандон вобаста ба  шароити имрўзаи тезутунди ҷаҳони имрўза Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид намуданд, ки дар ин давра қисми зиёди давлатҳои дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтааст.

Вобаста ба баррасии муҳтавои Паём  бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар толори муассисаи таълимии №2-и ноҳия бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ноҳия Файзиев Каримҷон, вакили ҳизбӣ Ш.Асомиддинзода ва раиси ташкилоти ибтидоии Маорифчиён Боймуротзода Мавлуда бо зиёиён, фаъолони ҳизб, омўзгорон нишасти ҳизбӣ баргузор гардид.

Раиси Кумиаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Файзиев Каримҷон зимни баромадаш оиди самтҳои афзалиятноки ҲХДТ, ки масъалаҳои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарбияи ҳарбӣ- ватандўстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии  гаравиши ҷавонон ба гурўҳҳои тундгаро, ба хотири огоҳ кардани аҳолӣ ва пешгирии онҳо аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъ-ро дарбар мегирад, ибрози андеша намуд.

Ҳамчунин, дар ҷараёни ҷаласа аз тарафи вакили ҳизбӣ Асомиддинзода Шарофиддин қайд шуд, ки бо мақсади  зарурати инкишофи  инфрасохтори деҳот ва идома додани рушди соҳаи сайёҳӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ бо пешниҳоди Сарвари давлат соли 2019 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  эълон карда шуд.

Аз муҳтавои Паём бармеояд, ки  Роҳбари давлат барои ҳарчи зудтар ба ҳадафҳои стратегии мамлакат расидан барномаи мушаххаси амал доранд ва  Паёми навбатӣ дастурамали хуби кор барои тамоми шохаҳои  ҳокимият ва  институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Дар ин нишаст 250 нафар аҳли зиёиён, устодону омўзгорон аъзоёни ташкилоти ибтидоии Маорифчиён  иштирок намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg