ВОКУНИШ. Дар ибтидои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба сари мардуми мо душвориҳои зиёде бор гардид. Гирдиҳамоии бардавом ва ахиран сар задани ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистонро аз мероси Давлати Шуравӣ ки ҳаққи ҳалоли давлат ва миллати мо буд, маҳрум сохт. Касе намедонист, ки сабабгори ин ҷангу ҷанҷол кист, дар пайи он чӣ мақсаде ниҳон аст.
Оқибат бадхоҳони давлат – наҳзатиён худро ошкор намуданд, онҳо барои бастани сулҳ шартҳо ба миён гузоштанд. Яке аз он шартҳо ба таври расмӣ шинохтан ва бақайд гирифтани ҳизби пинҳонкори наҳзати ислом буд.
Дар ибтидо наҳама аз мақсади ниҳоии онҳо, ки ба сари қудрат омадану бунёди давлати исломӣ дар Тоҷикистон буд, огоҳӣ доштанд. Ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 ин мақсадро ошкор сохт.
Кабирии косалеси хоҷагони хориҷӣ ва думравонаш маҷбур шуданд, ки барои раҳои аз ҷазо бо роҳи пинҳони аз Тоҷикистон фирор намоянд. Ӯ, ки умеди бозгашт ба Тоҷикистонро аз даст додааст, ба ҳар як роҳу восита туҳмату буҳтони бардурӯғро нисбати давлату миллати тоҷик паҳн менамояд. Ба ибораи дигар, аз тариқи ютубу шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш мекунад рӯи нопоки худро дар домони поки миллати тоҷик тоза кунад.
Баъди баромади мубалиғи ин ҳизб Айёмиддин Сатторов ҳолати Кабири ва пайравонашро тассаваур намудан душвор нест. Мисли он аст, ки онҳоро дар болои сӯзан ва оташи тафсон шинонидаанд. Бетоқату безобитаанд.
Бо даъвату бе даъват ба ҷаласаҳо ҳозир гардида, кӯшиши худсафедкунӣ менамоянд, суҳбатҳои мустақим анҷом медиҳанд ва ғайра.
Имрӯз нафрати мо ба ҲНИ ба саркардагони он, ки боиси ҷанги шаҳрвандӣ, қатли беш аз 100 ҳазор ҳамватанон, гуреза гардидани бештар аз 1 миллион одамон, гушнагӣ, бемории оммавӣ ва ятим мондани кӯдакон гардид, то андозаест, ки ҳар яки мо баъди рӯ ба рӯ омадан ба онҳо ба рӯяшон туф намуда, шаппотӣ мезанем.
Халилзода Сафар-вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг аз ҳавзаи интихоботии №6.