БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони маҳал аз нуктаҳои асосии Паём бархӯрдор гардиданд

ТЕМУРМАЛИК. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати тарғиботӣ -амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» , ҳамчунин  бобати иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи  баргузории вохӯрию мулоқотҳо,  оид ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маҳаллаи №10»  вохӯрии навбати бо сокинони маҳал баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   мавридибаррасӣ қарор дода шуданд.

Баъдан вобаста  ба  татбиқи қисмати тарғиботӣ- амалии Аксияи ҳизбӣтаҳти унвони  « Якҷоя ҳал мекунем! » бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маҳаллаи №10» Алматова Сангимоҳ   сокинон ва фаъолони ҲХДТ ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар корҳои ободонӣ ва нармкунии замин бо мақсади кабудизоркунӣ саҳм гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg