ПАНҶ. Аксияи тарғиботӣ-амалии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ки аз нимсолаи дуюми соли 2018 оғоз гардида буд ва ба ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат ва Роҳбарияти Олии ҲХДТ мувофиқ буд, татбиқи он то соли 2021 идома дода мешавад, то ин ки мардум ҷиҳати ободонӣ ва рушди деҳот бештар саҳмгузор бошанд, - иброз дошт дар баромадаш мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Ҳошимов Тоҳир дар вохўрӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии Роҳсози муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгарди ноҳия.
Сардори МНДРА-и ноҳия Мирзоев Талбӣ ҷиҳати иштирок дар корҳои ободонӣ тасмим гирифт, ки бо иштироки кормандони корхона дараҳтони боғи назди идораро ба тартиб дароранд. Дар ин рўзи ободонӣ кормандони муассиса гирду атрофи корхона тоза карда, бехи дарахтони мевадиҳандаро нарм намуда, ба ҷои дарахтони хушкшуда ниҳолҳои нав шинонданд. Ҳамчунин, ҷўйи обгузар ба бехи ҳар як дарахт гузаронида шуда, замини боғ аз хошорубаҳо тоза карда шуд. Бо ин иқдоми пешгирифтаи аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии Роҳсоз боз як гўшаи диёри азизамон тоза озода гашт.