КУШОНИЁН. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи хонишҳои сиёсии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён, дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаву маҳаллаҳои ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2019 ва амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” вохӯрӣ доир карда шуд.
Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён дар ташкилоти ибтидоии “Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ” бо кормандони соҳа доир гашт.
Масъулин дар вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баррасиии масъалаҳо доир ба вазъи ҷаҳони муосир, омодагии Тоҷикистон дар бораи ҷилавгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ, пешниҳоди сабукиҳо ба соҳибкорон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадҳо намуданд.
Сипас, ҷиҳати дастгирии шахсони ниёзманд ва маъюб Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”- ро баргузор намуда, ба корманди ниёзманди ташкилот Талбаков Чиллахон маводи хӯрока, аз қабили сабзӣ, пиёз ва картошка кӯмак карда шуд.