БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ равшан сохт

ЁВОН. Дар доираи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  ҷиҳати баррасии Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия суҳбату вохӯриҳо баргузор шуда истодааст.

Дар вохӯриҳои мазкур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимзода Толибхон иштирок намуда, Паёми мазкурро ба аҳолии ноҳия шарҳу тавзеҳ намуда истодааст.

Чунин вохӯрӣ  дар деҳаи Шурчаи ҷамоати деҳоти Чоргул бо иштироки фаъолони деҳа баргузор гардид.

Воқеан, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26.12.2018 ироа гардид, тамоми мавзӯъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ равшан сохт.

Дар ин росто, бо дарназардошти он, ки муҳтавои Паём васеъ буд, таваҷҷуҳи ҷомеа вобаста ба мавзӯъҳои дар он баррасигардида хеле зиёд аст, вазифаи мо ҳизбиён аз он иборат аст, ки шарҳу  тавзеҳи онро дар миёни аҳолӣ ба таври фарогир ба роҳ монда, халқро ҳамчун нерӯи бузурги пешбарандаву ободкор барои анҷоми вазифаҳои муайяншуда сафарбар намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg